LIVE

Беллингем беҳтарин бозигари ҷавони сол эълон гардид

Нимҳимоягари «Реал»-и Мадрид Ҷуд Беллингеми англис беҳтарин бозигари ҷавони сол тибқи фарзияи рӯзномаи фаронсавии France Football гардид.
Футболбоз мавсими қаблиро дар «Боруссия»-и Дортмунд гузаронида, дар масири 42 бозии ҳамаи мусобиқаҳо 14 голу ҳафт партофти голӣ ба омор гирифтааст. Дар номзадӣ ба «Тӯби тиллоӣ» Ҷуд Беллингем зинаи 18-умро ишғол кард.
Ёдрас мекунем, ки Беллингем тобистони қаблӣ аз «Боруссия»  бар ивази 103 млн евро ба сафи «Реал» гузариш анҷом дода,  шартномаи бозигар бо тими мадридӣ то охири моҳи июни соли 2029 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи футболи Transfermarkt  120 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив