LIVE

«Барселона» ивазкунандаи Усмон Дембелеро пайдо кард

«Барселона» дар харидории нимҳимоягари «Манчестер Сити» Бернарду Силва иштиёқманд аст.
Чӣ тавре журналист Ферран Мартинес дар «Твиттер»-и хеш хабар медиҳад, роҳбарияти «Барселона» талошҳо баҳри харидории Силваро дар пеш гузоштааст. Худи футболбози 28-сола чӣ тавре маълум аст мехоҳад ба сафи  тими каталонӣ гузариш намояд. Айни ҳол ҷонибҳо барои амаликунии гузариш гуфтушунидҳо доранд. 
Дар мавсими-2022/2023 Силва 55 бозӣ дар сафи «Манчестер Сити» гузаронида, муаллифи ҳафт голу шаш партофти голӣ гардидааст. Шартномаи бозигар бо «шаҳриҳо» то охири моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt 80 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив