LIVE

Иштироки роҳбарияти ФФТ дар Конгрессҳои ФИФА ва КФО

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар кори 74-умин Конгресси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конгресси 34-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Бангкок баргузор шуданд, ширкат кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар кори Конгрессҳо дабири кул Фурқат Ахмедҷонов, директори техникӣ Увайдо Давлатбеков ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Давлатманд Исломов намояндагӣ карданд.
Дар Конгресси КФО намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Маҳмадалиева, ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, узви Кумитаи иҷроияи КФО ба мӯҳлати то соли 2027 интихоб шуд.
Дар Конгресси ФИФА қарор шуд, ки Ҷоми ҷаҳон миёни занон дар соли 2027 дар Бразилия баргузор шавад. Дар мусобиқа, ки қарор аст моҳи июни соли 2027 доир гардад, 32 даста, аз ҷумла тими миллии кишвари мизбон ширкат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив