LIVE

Арзиши нави Родриго дар «Реал» 1 млрд евро хоҳад буд

Бозигари канории «Реал» Родриго Гоэс бо тими «шоҳона» шартномаи нав имзо мекунад, иттилоъ медиҳад журналист Николо Скира дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter).
Тибқи иттилоъи сарчашма қарордоди нав бо футболбоз то соли 2028 мӯҳлат дорад. Пештар Скира иттилоъ дод, ки тибқи шартномаи нав арзиши бозигар  1 млрд евро хоҳад буд.
Мавсими ҷорӣ футболбози бразилӣ  11 маротиба ба майдон омада, як голу як партофти голӣ ба омор гирифт.
Родригои 22-сола ба сафи «Реал» соли 2019 гузариш намуда, мавсими қаблӣ ҳамлавари бразилӣ дар 59 бозӣ 19 голу 11 партофти голӣ ба омор гирифт. Сомонаи Transfermarkt футболбозро  100 млн евро арзиш додааст. Қарордоди феълии бозигар бо дастаи футболӣ аз Мадрид то рӯзи 30-юми июни соли 2025 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив