LIVE

Арзиши бозигари нави «Барселона» қариб 1 миллиард евро хоҳад буд

«Барселона» ва «Атлетико Панараэнсе» дар мавриди гузариши ҳамлавари 18-солаи бразилӣ Витор Роке ба мувофиқа расиданд. Бозигари ҷавон бо нилунориҳо шартномаи мӯҳлаташ то тобистони соли 2029 менависад ва ин гузариш то санаи  3-уми июл эълон хоҳад гардид. Дар ин хусус журналист Роҷер Торелло дар  «Твиттер»-аш ба ҳамагон расонд. Тибқи маълумоти сарчашма арзиши минбаъдаи  Роке 916 млн евро (қариб  1 млрд доллар) хоҳад буд. Агар «Барселона» то охири тобистон  Рокеро ба қайд гирифта натавонад, ӯ дигарбора ба мӯҳлати ним сол ба тими пешинаш ба иҷора фиристода мешавад.
Роке ба сафи «Атлетико Панараэнсе» аз «Крузейро» моҳи апрели соли 2022 бар ивази  4,7 млн  евро (бино ба маълумоти сомонаи Transfermarkt) гузариш намудааст. Кӯчидани ӯ ба сафи «Барселона» баҳри тими испанӣ 35+10 млн евро арзиш пайдо мекунад. Дар сафи «Атлетико»-и бразилӣ Роке дар масири 63 бозӣ 19 голу ҳашт партофти голӣ ба омор гирифтааст. Шартномаи ӯ бо тими феълияш то моҳи майи соли 2027 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив