Дар бораи мо

Шабакаи телевизионии "Футбол" 21-уми феврали соли 2017 ифтитоҳ ёфта, нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон мебошад. Он ба таҳияву тадвини барномаву гузоришҳо доир  ба яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш - футбол бахшида мешавад ва барномаҳои  худро дар формати муосири телевизионии шаффофияташ баланди HD пахш менамояд. Муассиси он Федератсияи Футболи Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари инъикоси вохӯриҳои  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон,  бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, инчунин чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё,  чемпионатҳои наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), олимпӣ (U-23) ва мунтахабҳои миллии қораро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи  телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Лигаи УЕФА, Премер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои Серияи "А"-и Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи 1-уми Франсия, Премер-лигаи Русия, ҳамчунин вохӯриҳои марказии   дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд.
Дар баробари ин шабакаи телевизионии “Футбол HD” намудҳои дигари варзиш, ки аз нигоҳи муҳтавои худ ба футбол наздикӣ доранд, аз ҷумла футзал, футболи хурд, футболи соҳилӣ ва ғайраро низ инъикос мекунад.

ТВ «Футбол» танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бо стандарти DVB T2 пахш мешавад, ҳамчунин пахши зинда (онлайн)  дар сомонаи расмии шабака ба роҳ монда шудааст.