ТВ Футбол
<description>ТВ Футбол</description>
КМВА дар бозии нахусти даври муқаддамотии ЛЧ КФО 2026/27 шикаст хӯрд
<turbo:content><![CDATA[ Рӯзи 17-уми август дар доираи бозии даври нахусти гурӯҳи Е-и марҳилаи муқаддамотии Лигаи Чемпионҳои КФО 2026/27 бошгоҳи футболи бонувони КМВА-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор муқобили тими “Бам Хотун”-и Эрон ба майдон омада, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Криштиану Роналду оиди нақшаҳои хатми маснади варзишӣ ҳарф зад
<turbo:content><![CDATA[ Ҳамлавари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи футболи «Ал-Наср» Криштиану Роналду оиди нақшаҳои хатми маснади варзишӣ сухан гуфт.
“Ростов” аз рафтани Муҳаммад Муҳибӣ аз даста хабар дод
<turbo:content><![CDATA[ Нимҳимоятгари эронии бошгоҳи футболи “Ростов” Муҳаммад Муҳибӣ бо сабаби ба охир расидани шартномаи меҳнатиаш дастаро тарк кардааст. "Зарду-кабудҳо" дар ин бора дар саҳифаи расмии хеш дар шабакаи Telegram хабар доданд.
Никлас Фюллкруг бо эҳтимолияти зиёд ба «Вердер» бармегардад — Бергер
<turbo:content><![CDATA[ Ҳамлавари бошгоҳи «Вест Хэм Юнайтед» Никлас Фюллкруг ба бозгашт ба дастаи футболи «Вердер» наздик аст. Дар ин бора журналист Патрик Бергер дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
Мануэл Нойер оиди анҷоми эҳтимолии маснади варзишӣ сухан гуфт
<turbo:content><![CDATA[ Дарвозабони бошгоҳи футболи "Бавария" Мануэл Нойер пас аз бозии дӯстона бо “Лейпсиг” (3-1) дар бораи нақшаҳои ояндаи худ сухан гуфт.
Оғозёбии бозиҳои марҳилаи муқаддамотии ЛЧ КФО-2026/27 миёни бонувон
<turbo:content><![CDATA[ Имрӯз, 17-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои КФО 2026/27 миёни бонувон дар гурӯҳи «Е» оғоз мегардад.
Себастян Поконйоли  - сармураббии нави тими миллии Шотландия
<turbo:content><![CDATA[ Ассотсиатсияи футболи Шотландия (SFA) дар сомонаи расмии хеш оиди таъйин шудани Себастян Поконйоли ба ҳайси сармураббии дастаи миллӣ эълон кард.
“Арсенал” дар асри 21 бори ҳаштум Суперҷоми Англияро ба даст овард
<turbo:content><![CDATA[ Бошгоҳи футболи “Арсенал”-и Лондон дар бозӣ барои Суперҷоми Англия - 2026 бар “Манчестер Сити” бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Ин ҳаштумин ҷоизаи "тӯпчиён" дар асри 21 аст, ки беҳтарин натиҷа мебошад.
“Латсио” дар Ҷоми Италия аз тими Серияи Б мағлуб шуд
<turbo:content><![CDATA[ Бозии даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Италия 2026/2027 байни тимҳои “Латсио” ва намояндаи Серияи Б “Мантова”  дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бо ҳисоби 2-0 ба нафъи меҳмонон ҷамъбаст шуд.
“ПСЖ” бори шашум дар Суперҷоми Фаронса шикаст хӯрд
<turbo:content><![CDATA[ Бошгоҳи футболи “Пари Сен-Жермен” дар Суперҷоми Фаронса аз тими "Ланс" бо ҳисоби 1-0 мағлуб шуд. Ин шашумин маротиба дар таърихи парижиён аст, ки даста дар бозии Суперҷоми Фаронса дучори бохт мегардад.