LIVE

Шартномаи нави Винисиус бо «Реал» 1 млрд евро арзиш хоҳад дошт

Ҳамлавари «Реал» Винисиус Жуниор бо дастааш шартномаро тамдид мекунад.
Чӣ тавре Cadena Ser хабар медиҳад, шартномаи Винисиус бо «Реал» панҷ сол мӯҳлат хоҳад дошт. Ҳамчунин қарордоди мазкур нуқтаеро дар худ мегирад, ки нархномаи минбаъдаи бозигари бразилӣ ба андозаи 1 млрд евро баробар мешавад. Қайд карда мешавад, ки Винисиус агар соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шавад, иловапулиҳо низ ба даст меорад.
Дар мавриди қарордоди нави бозигари бразилӣ бо «Реал» фурсатҳои наздик эълон карда мешавад.
Винисиус Жуниор — дастпарвари «Фламенго» буда, ба сафи   «Реал» тобистони соли 2018 гузариш намуда буд. Мавсими қаблӣ ҳамлавари бразилӣ дар 33 бозии  чемпионати Испания ба майдон омада, 10 голу нӯҳ партофти голӣ ба омор гирифтааст. «Реал» бошад чемпионатро бо ишғоли зинаи дуввум ҷамъбаст намуд. Ҳамчунин тими мадридӣ дар ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо аз «Манчестер Сити» шикаст хӯрда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив