LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: «Боруссия»-и Дортмунд — «ПСЖ»

«Боруссия»-и Дортмунд аллакай мавсими ҷорӣ чанд мартиба ҳангомасозӣ  кард. Магар боз як ҳангомаи дигаре анҷом намедиҳад? 
Имрӯз, дар дили шаб мо шоҳиди бозии дуюми марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои   «Боруссия»  ва  «ПСЖ» мешавем.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум
02-юми майи соли 2024, чоршанбе. 00:00 ДШБ
Боруссия (Дортмунд, Олмон) – ПСЖ (Париж, Фаронса)
Роҳ ба самти ниманиҳоиро ин дастаҳо ба таври мухталиф тай карданд.  «Боруссия» аз аввал чун дастаи фаворит ҳисоб карда намешуд, вале онҳо нахуст бо боварии бузург аз «гурӯҳи марг» баромаданд ва баъдан дар марҳилаи плей-офф дастаҳое ба мисоли ПСВ ва «Атлетико»-ро ноком карданд. «ПСЖ» дар навбати худ дар ин давр аввал «Реал Сосйедад»-ро шикаст дод ва баъдан зидди  «Барселона» шоу барпо кард. Ин тим баъди як шикасти хонагӣ бо як   камбэке дар Каталония  ба марҳилаи ниманиҳоӣ рафт.
Бозии мазкурро ба таври мустақим шабакаҳои телевизионии  «Футбол» ва «Варзиш» манзури бинандагон мегардонанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив