LIVE

Қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо соати 16:00

Имрӯз, 14 декабр дар қароргоҳи УЕФА воқеъ дар шаҳри Ниони Швейтсария қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баргузор мешавад. ТВ "Варзиш" пахши онлайнии ин чорабиниро баргузор мекунад, ки соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Пеш аз қуръакашӣ, 16 даста ба ду сабад тақсим карда шуданд: ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои ҷойҳои дуюм бозӣ мекунанд. Дастаҳои як гурӯҳ ё намояндагони як иттиҳодия наметавонанд дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ вохӯранд.
Ғолибони гурӯҳҳо: «Бавария», «Боруссия» (Дортмунд) (ҳарду — Олмон), «Реал» (Испания), «Манчестер Сити», «Ливерпул», «Челси» (ҳама — Англия), «Ювентус» (Италия), «Пари Сен-Жермен» (Фаронса). 
Дастаҳое, ки дар гурӯҳои худ зинаи дуюмро ишғол кардаанд: «Атлетико», «Севиля», «Барселона» (ҳама — Испания), «Боруссия» (Мёнхенгладбах), «РБ Лейпсиг» (ҳарду — Олмон), «Порту» (Португалия), «Аталанта», «Латсио» (оба — Италия).
Бозиҳои аввали даври 1/8 финалӣ ба рӯзҳои 16, 17, 23 ва 24 феврал, бозиҳои ҷавобӣ ба 9, 10, 16 ва 17 март таъйин шудаанд. Қуръакашии 1/4, 1/2 ва ниҳоӣ 19 март баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив