LIVE

Ҳамаи иштирокчиёни даври 1/8 ниҳоии ЛҚА маълум гаштанд

Дирӯз охирин бозиҳои даври шашуми марҳилаи 1/16 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо баргузор гардид. Аз 16 дастаи боқимонда, иштирокчиёни даври 1/8 ниҳоӣ маълум гаштанд. Ҳамин тавр, аз мақоми аввал ғолибон: Дастаҳои "Бавария", "Реал Мадрид", "Манчестер Сити", "Ливерпул", "Челси", "Боруссия Дортмунд", "Ювентус" ва "ПСЖ" ва аз ҳисоби ҷойҳои дуюм, дастаҳои: "Атлетико Мадрид", "Боруссия М", "Порту", "Аталанта", "Севиля", "Латсио", "Барселона" ва "РБ Лейспиг" ба даври минбаъда роҳ ёфтанд. Қуръакашии ин дастаҳо, рӯзи душанбе - 14 декабр баргузор мегардад. Дастаҳои "Аякс", "Брюгге", "Манчестер Юнайтед", "Олимпиакос", "Динамо Киев", "Краснодар", "Залсбург" ва "Шахтёр Донетск" бошанд ба аз ҳисоби ҷойҳои сеюм дар марҳилаи 1/32 ниҳоии Лигаи Аврупо роҳи худро идома медиҳанд. Аз ҳисоби дастаҳои кишварҳо, ҳама дастаҳои Испания ва Олмон ба даври минбаъда роҳ ёфта, аз ҳисоби ғайри 5-гона (Англия, Испания, Олмон, Италия ва Фаронса) танҳо дастаи "Порту" аз Португалия вориди даври минбаъда гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив