LIVE

Перес барои ҳайати «Реал Мадрид» чанд пул сарф кардааст?

Аз ҳама бештар маблаг барои форвардҳо сарф шудааст
Барои Азар ва Бэйл 216 миллион евро сарф шудааст, аммо онҳо дар ин мавсим қариб, ки бозӣ накарданд. 
29-уми  май дар Париж финали Лигаи Чемпионҳо доир мешавад.  Барои Ҷом дастаҳои «Реал» ва «Ливерпул» дар варзишгоҳи «Стад де Франс» бозӣ мекунанд. Клуби шаҳри Мадрид дар солҳои охир дар мусобиқаи асосии Ҷоми Аврупо ба муваффақияти назаррас ноил шуд. (дар ҳашт сол чаҳор ғалаба). Мо ҳисоб кардем, ки “Реал Мадрид” ба ҳайати ҳозира чӣ қадар маблағ сарф намудааст.
Дарвозабонҳо (43,5 миллион евро)
«Реал Мадрид» соли 2018 Тибо Куртуаро аз «Челси» бо арзиши 35 миллион евро харид. Аз ҳамон лаҳза ҳайати бошгоҳро бе ин дарвозабон тасаввур кардан душвор аст. Тааҷҷубовар нест, ки футболбози мунтахаби  Белгия дар ин мавсим дар Лигаи Чемпионҳо 12 бозӣ кардааст.  
Андрей Лунини украинӣ, ки соли 2018 ба маблағи 8,5 миллион евро харидорӣ шудааст, муддати тӯлонӣ дар иҷора буд. Аввал дар «Леганес», баъд дар «Валядолид» ва «Оведо» бозӣ кардааст. Дар ҳайати “Реал Мадрид”, ӯ дар Ла Лига ҳамагӣ ду бозӣ анҷом дод (ҳарду дар ин моҳ) ва ҳеҷ гоҳ дар Лигаи Чемпионҳо ба майдон набаромадааст.
Муҳофизат (€116 миллион)
“Реал Мадрид” барои  се ҳимоятгар як евро ҳам надод. Давид Алаба ва Мигел Гутеррес ҳамчун агенти озод гузаштанд, дар ҳоле ки Начо Фернандес хатмкардаи клуб аст. Аммо барои Эдер Милитао ва Ферланд Менди, ҳамагӣ тақрибан 100 миллион евро пардохт кардааст. 
Барои муқоиса бо дигар муҳофизатгарон  Марсело ва Дани Карвахал барои “Реал Мадрид”  қариб, ки ройгон омадаанд. Бозингарони хатти дифоъ Алаба, Милитао, Менди ва Карвахал дар ин мавсим дар Лигаи Чемпионҳо бештар бозӣ кардаанд.
Нимҳимоятгар (€149,5 млн)
"Реал Мадрид" тақрибан тамоми маблағи зикршударо барои панҷ бозигар сарф кардааст. Дар бораи Модрич ва Кроос саволе нест - ин бачаҳо то ҳол дар қатори пешсафони дастаанд ва фоидаи назаррас меоранд. Иско ҳеҷ гоҳ дар ин мавсими Лигаи Чемпионҳо бозӣ накардааст, Себалос 36 дақиқа, Камавинга - 292. Барои муқоиса, Модрич ва Крос 1800 дақиқаи майдондорӣ доранд.
Трансфери Каземиро яке аз муваффақтарин гузаришҳо дар  Садрид гуфта мешавад. Соли 2016 онҳо барои ӯ 6 миллион евро пардохт карданд ва ҳоло Каземиро 50 миллион евро арзиш дорад. Аммо ҳоло гаронарзиштарин нимҳимоятгари клуб ӯ не, балки Федерико Валверде (65 миллион евро) мебошад. ки як вактҳо ба маблаги хеле хоксорона гирифта шудааст. 
Ҳамла (€429,4 миллион)
"Реал Мадрид" барои Эден Азар, Гарет Бэйл ва Лука Йович 279 миллион евро харҷ кард, аммо ин мавсим аз онҳо фоидае нашуд. Омори ин сегона дар Лигаи Чемпионҳо: 213 дақиқа, сифр гол, сифр ассистент, як корти зард. Беҳтарин натиҷа барои се ҳамлагари соҳибном!
Карим Бензема, ки 12 сол пеш барои 35 миллион евро пардохт шуда буд, дар ин мусобиқа 15 гол задааст. Фаронсавӣ чунон мавсими таъсирбахше дошт, ки ҳоло ӯ яке аз довталабони асосии ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» маҳсуб мешавад. Родриго ва Винисиус Ҷуниор аз ҷумлаи голзанҳои беҳтарини даста мебошанд.
Хулоса:
«Реал Мадрид» барои ҳайати кунунии хеш дар маҷмуъ 738,4 миллион евро харҷ кардааст, ҳоло маблағи умумии бозигарони даста 756,5 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ҳастан дастаҳое, ки сафри балағҳошон сарҳади миллиарҳоро гузаштааст, аммо то финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо набаромаданд.

Next Post

Комментарии 1

vue_admin
vue_admin от 18 июня 2022 08:45
Reak- корош сооозай

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив