LIVE

25 суперситора бидуни пирӯзӣ дар ЛЧ. Аз Роналдо ва Златан то Буффон

Топ бозигарони беҳтарин бе ҷоизаи асосии Аврупо.

"Ман Сити"-и Пеп Гвардиола бори дигар имкони ғолиб шудан дар Лигаи Чемпионҳоро аз даст дод - таваққуф боз ҳам дар нимфинал. Чеҳраи феълии “Шаҳриҳо” - Кевин де Брюйне моҳи июн 31-сола мешавад ва ӯ ҳеҷ гоҳ Лигаи Чемпионҳоро нагирифтааст.
Ҷароҳат дар мавсими гузашта монеи амалӣ гаштани орзӯи ӯ гардид. Кевин дар финал бар зидди “Челси” маҷрӯҳ шуд. 
Дар баробари шавқу рағбати “Реал Мадрид” пушаймонию ашки дарноки  Кевин де Брюйне.
Албатта, дар ҷаҳон ситораҳои зиёде ҳастанд, ки Ҷоми Лигаи Чемпионҳоро  ба даст наоварда тарки майдон кардаанд. 
Аввалан, дар миёни “Шаҳриҳо”. Серхио Агуэро ва Давид Силва солҳои тиллоии худро дар ин даста гузаронданд, аммо ҳеҷ гоҳ ба Лигаи қаҳрамонҳо  нарасиданд. Аргентинӣ ҳамагӣ як сол пеш наздик буд, аммо дар ниҳоят ӯ ва шариконаш дар муқобили “Челси” ноком шуданду ба ҷуз аз ҳасрат бурдан ба лодониҳо дигар коре аз дасташ наомад.
Ғалабаҳои бузург ва асосии Силва дар тими миллии Испания боқӣ монданд.
Насли пештара. Роналдо дарҳол пас аз пирӯзии Лигаи Чемпионҳо (дар финал бар зидди Байер Леверкузен бо ҳамон голи маъруфи Зидан) ба “Реал Мадрид” омад. Вай дар панҷ сол ду чемпионати Испанияро гирифт, соли 2007 ба “Милан” рафт - боз ба клубе расид, ки навакак дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб омада буд.. Дар Италия Роналдо ҳеҷ гоҳ чизе ба даст наовард ва пас аз як сол ба Бразилия рафт.
Златан Иброҳимович соли 2009, як сол пеш аз он ки Жозе Моуриню дастаи миланиро ба Лигаи Чемпионҳо роҳбарӣ кунад, аз «Интер» ба “Барселона” рафт. Дар "Барса" Златан аз Ҷоми асосии Аврупо маҳрум шуд - дар мавсими солҳои 2010/11 ӯ ба “Милан” ба иҷора рафт ва ба Пеп низ кӯмак накард.
Килиан Мбаппе дар мавсими 2019/20 ба ҷоиза наздик буд, аммо баъдан дар финал бо “Бавария” чанд шанси хубро истифода накард ва унвонро мюнхениҳо ба худ ихтисос доданд. Ҳоло Килиан ҳанӯз вақти зиёд дорад, то ҷомро болои сар бардорад.
Ҷанлуиҷи Буффон яке аз ҷабрдидаҳои бузург дар рӯйхат аст. Дарвозабони афсонавии итолиёвӣ дар якҷоягӣ бо «Ювентус» се маротиба ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт (2003, 2015, 2017), вале ҳамааш бе дарёфти Ҷом хатм шудаанд. 
Роберто Баджо соли 1993 бо дастаи «Ювентус» Ҷоми УЕФА-ро соҳиб шуда, дар охири ҳамон сол соҳиби «Тӯби тиллоӣ» гардид. Аммо Баджо ҳеҷ гоҳ ғолиби Лигаи Чемпионҳо нагардид. 
Франческо Тотти тамоми фаъолияти худро дар «Рома» гузаронидааст, гарчанде ки ба ӯ клубҳои беҳтарин бо шанси беҳтарин барои соҳибшудани Лигаи Чемпионҳо пайваста муроҷиат мекарданд. Садокат галаба кард. 
Ҳамлагари дигари афсонавии «Рома» Габриэл Батистута низ аслан ба Ҷоми Лигаи Чемпионҳо наздик набуд – ҳатто дар тимҳои дигари аврупоӣ ӯ дар «Фиорентина» ва як мавсим дар «Интер» бозӣ кардааст.
Рууд ван Нистелрой дар “Манчестер Юнайтед” ва “Реал Мадрид” бозӣ мекард, аммо рӯзҳои беҳтаринии корномаи худро бидуни Суперклубҳо гузаронид. 
Антуан Гризманн пас аз финали Лигаи Чемпионҳо дар соли 2014 ба "Атлетико" пайваст. Дар мавсими солҳои 2015/16 ӯ ва даста ба финал баромаданд, ки дар он ҷо “Атлетико” боз аз “Реал Мадрид” мағлуб шуд. Дар ин бозӣ фаронсавӣ пеналтиро зада натавониста буд. 
Пол Погба соли 2015 бо дастаи «Ювентус» ба финали Лигаи Чемпионҳо баромад - аз «Барселона» шикаст хӯрд (1:3).
Нимҳимоятгари афсонавии чехии «Ювентус» Павел Недвед соли 2003 ягона имкони ба даст овардани Лигаи Чемпионҳоро аз даст дод - дар бозии ниҳоӣ туриниҳо аз рӯи пеналтӣ аз “Милан” мағлуб шуданд. Худи Недвед дар бозии асосӣ  маҳрум карда шуд ва муҳимтарин бозӣ дар корномаашро аз даст дод. 
Фабио Каннаваро бо дастаи «Парма» Ҷоми УЕФА, ду Серия А бо «Ювентус» ва Ҷоми ҷаҳониро бо Италия ба даст овардааст, аммо Лигаи Чемпионҳо дар рӯйхати ҷоизаҳои ин бозигари беҳамто нест.
Михаэл Баллак қаҳрамони насли тиллоии “Байер” шуд. Соли 2002 Баллак дар финали Лигаи Чемпионҳо аз “Реал Мадрид” шикаст хӯрд, соли 2008, аллакай барои “Челси” бозӣ мекард ва дар финали Маскав дар зарбаҳои пеналтӣ шикаст хӯрд.  Гарчанде ки зарбаи худашро зад.  Як сол пас бо сабаби иштибоҳи нобахшидании довари  норвегиягӣ аз финали ЛЧ  маҳрум гардид. 
Соли 2006 «Арсенал» бо Деннис Бергкамп ба финали Лигаи Чемпионҳо баромад ва дар он аз «Барселона» мағлуб шуд – 1:2. Худи ҳолландӣ тамоми бозиро дар курсии эҳтиётӣ гузаронида, ба фаъолияти худ хотима дод.
Сол Кэмпбелл дар ҳамон финали соли 2006 барои “Арсенал” бар зидди “Барса” ҳисобро кушод, аммо ин кофӣ набуд.
Эрнан Креспо дар финали Истанбул бар муқобили “Ливерпул” дубл кард, аммо инглисҳо дар нимаи дуввум “Милан”-ро ба нокаут фиристоданд, ки натиҷа бозигари Аргентиниро бе ҷом гузошт, ки дар қисми аввали бозӣ ҷоиза тақрибан дар дасти ӯ буд.
Алан Ширер, беҳтарин нишонзан дар таърихи Премйер-Лига, ҳеҷ гоҳ дар як клуби беҳтарин бозӣ накардааст. “Саутгемптон”, “Блэкберн” ва “Ньюкасл” инҳо тимҳое нестанд, ки бо онҳо шумо метавонед дар мусобиқаи асосии Аврупо пирӯзӣ ба даст оред.
Ҷорҷ Веа, яке аз беҳтарин футболбозони африқоӣ дар таърих, низ ҳеҷ гоҳ дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб наомадааст. Дар соли 1995 Веа ПСЖ-ро ба нимфинал кашид, аммо ҳатто дарёфти “Тӯби тиллоӣ” ва гузаришаш ба  “Милан” фойдааш накард. 
Лоран Блан бо “Барселона” Ҷоми Ҷомдоронро гирифт, аммо Лигаи Чемпионҳоро не.
Лилиан Турам бо дастаи «Парма» Ҷоми УЕФА-ро ба даст овард, аммо барои соҳибшудани Ҷоми асосии Аврупо ба ӯ ва «Ювентус» дар финали соли 2003 “Милан” монеъ гардид.  
Майкл Оуэн соли 2004 аз “Ливерпул” ба “Реал Мадрид” рафт. Ва аллакай дар соли 2005, дастаи собиқи ӯ  дар финали таърихии Истанбул пирӯз шуд.
Эрик Кантонаи хашмгин дар соли 1997 ҳамаро ба ҳайрат овард ва дар синни 31-солагӣ касбашро ба охир расонд. Пас аз ду сол, “Манчестер Юнайтед” дар Лигаи Чемпионҳо пирӯз шуд.
Лотар Маттеус метавонист дар мавсими солҳои 1998/99 ғолиби Лигаи Чемпионҳо шавад, аммо бозгашти афсонавии “Манчестер Юнайтед” ӯро дар ин роҳ ноумед сохт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив