
“Бавария” ва “Барселона” охирин иштирокчии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои даври ¼ ниҳоӣ аз як рақобатӣ иборат буда, дар шаҳри Лиссабони Португалия доир мешаванд.
Даври ¼ ниҳоӣ
12 август
«Аталанта» (Италия) — «ПСЖ» (Фаронса), «Эштадиу ду Бенфика»
13 август
«РБ Лейпсиг» (Олмон) — «Атлетико» (Испания), «Жозе Алваладе»
14 август
«Барселона» (Испания) — «Бавария» (Олмон), «Эштадиу ду Бенфика»
15 август
«Манчестер Сити» (Англия) — «Лион» (Фаронса), «Жозе Алваладе»
Даври ½ ниҳоӣ
18 август
«РБ Лейпсиг» / «Атлетико» — «Аталанта» / «ПСЖ», «Эштадиу ду Бенфика»
19 август
«Манчестер Сити» / «Лион» — «Барселона» / «Бавария», «Жозе Алваладе»
Бозии финалӣ санаи 23-юми август дар варзишгоҳи «Эштадиу ду Бенфика» доир мешавад.