LIVE

Ба Лигаи Чемпионҳо чӣ шуд?

Роҳбарияти УЕФА баъд аз гуфтушунидҳои зиёд билохира ба хулосае омад, ки бонуфузтарин мусобиқоти футбол байни бошгоҳо Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро роҳандозӣ намояд. Мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо аз даври ¼ ниҳоӣ бо реҷаи «Финали ҳаштгона» дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор карда мешавад. Лигаи Аврупо низ ба ҳамин монанд дар яке аз варзишгоҳҳои Олмон доир мешавад. То ба ҳол ба даври ¼ ниҳоӣ дастаҳои «Пари Сен-Жермен», «Атлетико», «Аталанта» ва «РБ Лейпсиг» роҳхат гирифтаанд. 4 бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоӣ доир нашудааст. Тимҳои  «Реал» – «Манчестер Сити» (бозии аввал — 1:2), «Челси» – «Бавария» (0:3), «Лион» – «Ювентус» (1:0) ва «Наполи» – «Барселона» (1:1) дидори дуюмро дар варзишгоҳҳои худ анҷом медиҳанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив