LIVE

Беҳтарин голи Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2018/19 муайян шуд

УЕФА дар сомонаи расмиаш беҳтарин голҳои мавсими сипаришудаи Лигаи Чемпионҳоро мунташир намудааст. Дар ин рӯйхат зинаи аввалро голи ҳамлавари бошгоҳи “Ювентус” - Криштиану Роналду ба дарвозаи “Манчестер Юнайтед” (1:2) ишғол намудааст. Ҷои дуюмро бошад, тӯби ба нишонрасонидаи форварди “Барселона” Лео Месси ба дарвозаи “Ливерпул” (3:0) соҳиб гардидааст. Ҳамлавари “Ливерпул” Садио Мане низ бо голи задааш ба дарвозаи “Бавария” (3:1) зинаи сеюмро ба худ ихтисос додааст. Хотиррасон бояд шуд, ки дар финали Лигаи Чемпионҳо бошгоҳҳои “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” майдондорӣ намуданд, ки дар натиҷа “Ливерпул” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, баъд аз 14 сол боз ин ҷоизаи арзишнокро ба хазинаи дастмузаҳояш ворид намуд.

Даҳ беҳтарин голи Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2018/19

1 Криштиану Роналду ("Ювентус" - "Манчестер Юнайтед") – даври чорум, 07.11.2018

2 Линел Месси ("Барселона" - "Ливерпул") – бозии аввали даври 1/2 ниҳоӣ, 01.05.2019

3 Садйо Мане ("Бавария" - "Ливерпул") – бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоӣ, 13.03.2019

4 Иван Ракитич ("Тоттенхэм" - "Барселона") – даври дуюм, 03.10.2018

5 Лерой Сане ("Манчестер Сити" - "Хоффенхайм") – даври шашум, 12.12.2018

6 Килиан Мбаппе ("Манчестер Юнайтед" - "Пари Сен-Жермен") – бозии аввали даври 1/8 ниҳоӣ, 12.02.2019

7 Раҳим Стерлинг ("Манчестер Сити" - "Шахтёр") – даври чорум, 07.11.2018

8 Усмон Дембеле ("Барселона" - "Тоттенхэм") – даври шашум, 11.12.2018

9 Филиппе Коутиню ("Барселона" - "Манчестер Юнайтед") – бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоӣ, 16.04.2019

10 Луис Суарес ("Барселона" - "Ливерпул") – бозии аввали даври 1/2 ниҳоӣ, 01.05.2019

Next Post

Комментарии 1

Билол
Билол от 3 июня 2019 10:25
Раҳмат барои хабари пахш кардаатон!
Агар бо ролики голҳои 1ум 2юм ва 3юмро пешниҳод мекардед боз бениҳоят хубтар мешуд. 
Пешаки раҳмат!

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив