LIVE

14 дастаи даври 1/8 ниҳоии ЛЧ муайян шуданд

Шаби гузашта, дар гурӯҳҳои Е, F, G ва H-и Лигаи чемпионҳо бозиҳои даври 6-ум баргузор шуданд. Баъди рақобатҳои мазкур “Ливерпул”, “Наполи”,  “Боруссия Д”, “РБ Лейптсиг”, “Лион”, “Валенсия” ва “Челси” ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Қабл аз даври 6-ум “ПСЖ”, “Реал Мадрид”, “Бавария”, “Тоттенҳэм”, “Манчестер Сити”, “Барселона” ва “Ювентус” аллакай роҳхати марҳилаи минбаъдаро соҳиб гардида буданд. 
Имрӯз, бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфта, дар гурӯҳҳои боқимонда, рақобатҳои даври охирин доир мешавад, ки телевизиони “Футбол” ду бозӣ “Динамо Загреб” – “Манчестер Сити” (соати 23:50) ва “Байер” – “Ювентус”-ро (соати 01:00) мустақиман манзури тамошобинон мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив