LIVE

Натиҷаи қуръакашии Лигаи Чемпионҳо

Имрӯз, 10-уми июл дар шаҳри Ниони кишвари Швейтсария маросими қуръакашии даврҳои ¼ ва ½ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо доир гардид.   
Ёдовар мешавем, ки ҳоло чор дастаи даври ¼ ниҳоӣ маълум шудаанд.  "Аталанта", "РБ Лейпсиг", “ПСЖ” ва "Атлетико" ба ин марҳила роҳ ёфтаанд. Баргузории бозиҳои  ҷавобии боқимондаи даври 1/8 ниҳоии  мусобиқот рӯзҳои 7-8-уми август  дар кишварҳои мизбон бидуни ҳузури мухлисон дар назар аст.  
Ғолиби Ҷуфти «Реал Мадрид» - «Ман Сити» дар даври ¼ ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти «Лион» – «Ювентус» неру месанҷад. 
«РБ Лейптсиг» — «Атлетико», 
Ғолиби ҷуфти «Наполи» - «Барселона» бо ғолиби ҷуфти  «Челси» - «Бавария» во мехӯрад.
«Аталанта»— «Пари Сен Жермен».
Рақобатҳои марҳилаи ¼ ниҳоӣ бошад, аз 12 то 15-уми  август дар шаҳри Лиссабони Португалия доир мешаванд.  Вохӯриҳои  ниманиҳоӣ рӯзҳои  18-19-уми   август сурат мегирнад. Финали   мусобиқа рӯзи 23-уми август баргузор   мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив