LIVE

ФАВРӢ: Замони баргузории Лигаи Чемпионҳо маълум шуд

Роҳбари УЕФА Александер Чеферин фармат ё шакли баргузории бонуфузтарин мусобиқоти футбол байни бошгоҳо: Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро эълон кард. Мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо аз даври ¼ ниҳоӣ бо реҷаи «Финали ҳаштгона» дар шаҳри Лиссабони Португалия 12 то 23 август сурат мегирад, ки дастаҳо як бозигӣ мекунанд. Лигаи Аврупо низ ба ҳамин монанд дар 4 варзишгоҳҳои Олмон доир мешавад. То ба ҳол ба даври ¼ ниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои «Пари Сен-Жермен», «Атлетико», «Аталанта» ва «РБ Лейпсиг» роҳхат гирифтаанд. 4 бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоӣ доир нашудааст. Тимҳои   «Реал» – «Манчестер Сити» (бозии аввал — 1:2), «Челси» – «Бавария» (0:3), «Лион» – «Ювентус» (1:0) ва «Наполи» – «Барселона» (1:1) дидори дуюмро дар варзишгоҳҳои худ анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив