LIVE

Вируси тоҷ нақшаи Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро тағйир дод

Дар ҳамин раванд Иттиҳодияи Ассотсиатсияи футболи Аврупо дар мавриди баргузории мусобиқаи дигари худ Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо низ қарори нав баровард. Роҳбарияти УЕФА ба хулосае омаданд, ки финали ин ду мусобиқаро каме дертар баргузор намоянд. 
Мушкилит асосӣ ин ба таъхир гузошта шудани бозиҳои Лигаи Аврупо ва Лигаи қаҳрамонҳо мебошад, ки бо сабаби коронавирус бисёре аз бозиҳо доир нашуданд ва кай баргузор мешаванд то ба ҳол аниқ нест. Мувофиқи иттилои Marca финали Лигаи қаҳрамонҳо аз 30-юми май ба 27-уми июн ба таъхир гузошта шуд. Инчунин финали Лигаи Аврупо на рӯзи  27-уми май, балки санаи 24-уми июн гузаронида мешавад. 

Хурӯҷи COVID-19 охирҳои соли 2019 аз кишвари Чин пайдо шудааст. Тибқи маълумотҳои охир то имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 7 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив