LIVE

«Реал» дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Реал” дар хонааш намояндаи Олмон тими «Боруссия»-и Мёнхенгладбахро пешвоз гирифт. Набарди дастаҳо пуршиддат доир шуда, бо натиҷаи 2:0 ба суди “гаразмониҳо” хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ голҳоро форварди фаронсавии “Реал” - Карим Бензема ба нишон расонида, дастаашро ба даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо бурд. Рақобати дигари гурӯҳи “В” байни дастаҳои “Интер” ва “Шахтёр” бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Акнун баъди 6 давр “Реал” бо касби 10 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “В” шуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. “Боруссия”-и М (8) низ ба даври 1/8 роҳ ёфт. “Шахтёр” ба Лигаи Аврупо рафт ва “Интер” бошад, бо мусобиқаҳои аврупоии мавсими ҷорӣ хайрухуш кард. 
Лигаи Чемпионҳо. Бозии 6-ум. Гурӯҳи “В”.  
 
«Реал» (Испания) — «Боруссия М» (Олмон) — 2:0 (2:0)  
 
Голҳо: Бензема, 9 (1:0). Бензема, 32 (2:0). 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив