LIVE

“Реал” сар аз соли 1986 бори аввал ба чунин ҳол гирифтор шуд

“Реал Мадрид” пас аз соли 1986 бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо пай дар пай се бозиро бохт. Дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА “Шахтёр” “Реал Мадрид”-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Алфредо ди Стефанои Мадрид баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид. Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” пас аз соли 1986 бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳо се шикасти пай дар пайро аз сар гузаронид. Дар ин бора Goal News хабар додааст. Дар мавсими гузашта дар Лигаи қаҳрамонҳо бошгоҳи шоҳона дар даври 1/16 ниҳоӣ ду бор аз “Манчестер Сити” мағлуб шуд (1: 2, 1: 2). Рақибони “Реал Мадрид” ва “Шахтёр” дар гурӯҳи B дар Лигаи чемпионҳо “Интер” ва “Боруссия” - Менхенгладбах мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив