LIVE

Роналду бори аввал дар 10 соли охир дар ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ намекунад

Ҳамлагари португалӣ - Криштиану Роналду дар 10 соли охир бори аввал дар даври  ¼ ниҳоии Лигаи чемпионҳо ҳунарнамоӣ намекунад. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ҷавобии 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳо “Ювентус” дастаи  «Лион» -ро бо ҳисоби 2: 1 шикаст дод. Голҳои туриниҳоро Криштиану Роналду ба самар расонид. Ягона голи “Лион”-ро Мемфис Депай ба ҳадаф расонид. Бо вуҷуди пирӯзӣ, «Ювентус» аз ҳисоби бозии аввал, ки дар сафар аз дастаи фаронсавӣ бо як голи беҷавоб шикаст хурда буд,  натавонист ба чорякфинали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад. 
Бори охир  даври ¼ ниҳоии Лигаи чемпионҳо бидуни Роналду соли 2010 баргузор шуда буд. Он замон низ дастаи “Реал Мадрид”, ки дар ҳайати он футболбози португалӣ баромад мекунад, аз "Лион" шиаст хурда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив