LIVE

Арсен Венгер гуфт, ки дар Лигаи чемпионҳо кӣ ғолиб мешавад

Арсен Венгер, сармураббии собиқи “Арсенал” -и Лондон довталаби асосӣ барои ба даст овардани  Лигаи чемпионҳоро баён намуд.   
«Вақте ки шумо бар зидди “Аталанта” ё “Атлетико” бозӣ мекунед, ҳама чиз рӯй дода метавонад. Аммо барои ман “Манчестер Сити” ва “ПСЖ” аз лиҳози имконот довталаби асосӣ маҳсуб меёбанд.  Ман ҳис мекунам, ки “ПСЖ” нисбат ба се-чор соли  охир сустар шудааст. Рақобат он вақт боз   қавитар буд. Бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки сифати футболи аврупоӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва ин дастаҳо то ҳол дар қатори беҳтарин тимҳои Аврупо шомиланд. Мо набояд сабабҳоеро ҷустуҷӯ кунем, ки чаро “ПСЖ” ҳанӯз Лигаи чемпионҳоро ба даст наовардааст. Ҳатто “Реал Мадрид” дар тӯли 10-15 сол дар ин мусобиқа ғолиб наомад  ва пас аз он се маротиба пайиҳам пирӯз шуд."- иқтибос оварда шудааст аз гуфтаҳои Арсен Венгер.
Дар марҳилаи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳо  “Манчестер Сити” бо “Реал Мадрид” бозӣ хоҳад кард. Бозии аввал бо ҳисоби 2:1 ба нафъи "шаҳриҳо" хотима ёфт. “ПСЖ” дар навбати худ  ба даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифта, дар ин давр бо “Аталанта” бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив