LIVE

Арсен Венгер директори техникии ФИФА мешавад

Тибқи иттилои сомонаи расмии “New York Times” собиқ сармураббии бошгоҳи футболи «Арсенал»-и Лондон Арсен Венгер рӯзҳои наздик фаъолияташро ба ҳайси директори техникии Федератсияи байналмилалии футбол шуруъ мекунад. Тибқи маълумоти ин сарчашма мутахассиси фаронсавӣ кори худро барои беҳтар кардани сатҳу сифати малакаи мураббиён дар бахшҳои гуногуни футбол пеш мебарад. Солҳои охир ФИФА сафи кормандони худро аз ҳисоби футболбозону мураббиёни мумтози солҳои гузашта мехоҳад комил кунад, зеро чанд муддат пеш аз ин Марко ван Бастен ва Звонимир Бобан ин ташкилотро тарк карданд. Венгер соли 2018 баъд аз 22 соли фаъолият дар «Арсенал» ин дастаро тарк намуда буд. Қаблан хабар дода мешуд, ки Венгер шояд фаъолияташро дар “Милан” ва “Бавария” идома диҳад. Таваҷҷуҳ аз тарафи “ПСЖ” низ ба Арсен буд, аммо ӯ корро дар низоми ФИФА аз кори сармураббигӣ авлотар донист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив