LIVE

Ошкоргӯиҳои Унаи Эмери боиси тақдири талхи ду футболбози "Арсенал" мегардад

Сармураббии “Арсенал”-и Лондон Унаи Эмери дар мусоҳибааш гуфта буд,дастаро бояд яку якбора чанде аз футболбозон тарк намоянд.  "Ман мехоҳам,ки футболбозон дар “Арсенал” хушбахт бошанд ва нақши муҳимро бозанд. Дар мавсими гузашта  масалан Мустафи,аз барои ӯ хурсанд набуданд,вақте бозӣ намекард. Мо бо онҳо соли гузашта дар ин маврид бисёр сӯҳбат намудем ва фикр мекунам,ки Эл-Нени ва Мустафи бояд дастаро тарк намоянд ва ба дастаи дигаре гузаранд,ки дар нақшҳои пешсаф бошанд. Хушбахт хоҳанд буд ва маснади варзишии хешро идома медиҳанд. Инҳо ҳарду футболбозони хуб ҳастанд ва бо сабабҳои  ҷойдошта онҳо худро дар “Арсенал” нишон дода наметавонанд".
Дар мавриди Эл-Нени бояд гуфт,ки рафтани ӯ аз даста тамоман аҷиб нест,чаро ки дар ҳайат ҳеҷ вақт бозингари муҳим набудааст, аммо дар хусуси Мустафи бошад метавон афсус хурд,чаро ки дар вақташ аз ҳимоятгарони марказии умедбахши даста ном бурда мешуд. Аввалан ин бозингарро толеъбаландӣ накарду ӯ дар вақти заруриву ҷои зарурӣ нашуд. Агар  он замон ӯро “Манчестер Сити” мехарид, ин вақт ӯ аз беҳтарин ҳимоятгарони марказӣ ба ҳисоб мерафт,аммо чизе ки дорем ҳамонро дорем. Мустафи бозингари миёнаҳол ҳасту халос.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив