LIVE

Чаро лигионерон тарки "Истиқлол" карданд?

Се футболбози асосии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе баъди нокомиҳои ахир дастаро тарк карданд. Тибқи иттилоҳои дарёфшуда, ҳимоятгари ӯзбек Ҷалил Кимсанов, ниммуҳофизатгари серб Михайло Сакич ва ҳамлагари арманистонӣ Руслан Корян ҳайати дастаро тарк карданд. Ин хабарҳо дар пайи қатъ кардани шартномаи сармураббии дастаи "Истиқлол" Ҳаким Фузайлов интишор шуд. Аз миёни бозингарони даъватшуда, танҳо Алексей Ларин дар даста боқи мондасту халос. Хабарҳое паҳн шуд, ки гӯи дарвозабон Никола Стошич ҳам баъди 5 соли ҳунарнамоӣ тарки бошгоҳи "Истиқлол" намудааст, аммо як манбаъ аз дастаи "Истиқлол" хабар дод, ки Стошич ҳоло якҷо бо тим тамринҳои худро идома дода истодааст.
Бархе аз коршиносон бар онақидаанд, ки тарки чунин футболбозон ва сармураббии даста дар мавсими оянда ҳам таъсирашро ба ҳунарнамоии бошгоҳи "Истиқлол" дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мерасонад, зеро давоми ду соли ахир чунин ранг гирифтани кор ва дар оғози мавсим пурқувват кардани даста то андозае таъсири манфиашро расонид. Ин сабаб шуд, ки "Истиқлол" ду мавсим пайиҳам аз марҳилаи гуруҳӣ ба даври дигар роҳ наёфт. Яке аз сабабҳои ҷавоб додани бозингарони хориҷӣ дар он арзёбӣ мегардад, ки "Истиқлол" бе кӯмаки онҳо ҳам метавонад дар мусобиқаи дохилӣ бо сари баланд бозӣ кунад, зеро аксари ҳайати дастаи шаҳри Душанберо бозингарони тими миллии Тоҷикистон ташкил мекунанд. Интизор меравад, ки дар равзанаи гузариши футболбозон, ки чандрӯз пас кушода мешавад, "Истиқлол"-ро боз чанд футболбози дигар тарк кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив