LIVE

Чаро "Реал Мадрид" Гарет Бейлро нафурӯхт?

Фурсати зиёде аз он нагузашта буд,ки Зинедин Зидан изҳор дошта буд,ки Бейл барои тими ӯ воқеан ҳам лозим шуда наметавонад ва дар ин маврид  дар яке аз нишастҳои матбуотияш гуфта буд, аммо айни ҳол андешаи ин  фаронсавӣ ба куллӣ таъғир ёфтааст. Гарет Бэйл дар даста хоҳад монд. Ҳар як нафареро,ки мо дар ихтиёр дорем,моро водор месозад то андешаҳои мусбиеро дошта бошем. Мо бояд диққати худро танҳо дар мавриди мавсими ҷорӣ  равона  созем. Чаро Зизу андешаи худро дигар кард-дар мавриди ин барои мо посух гуфтан мушкил аст. Эҳтимолан фаъолияти пурсамари трансферие,ки “Бланкос” дар ин тобистон анҷом доданд чандон манфиатбор набуд ва барои он,ки аз кори худ дифоъ намояд Зидан қарор кард,ки Гаретро дар ҳайат бимонад. Албатта чунин андешаҳо ҳамааш пешбинӣ ҳастанд. Аз ҷониби метавон гуфт,ки амалҳои Зизу саршор аз ҷанбаҳои мутақобилаанд. Яке ӯ аз Реал рафтанӣ мешавад ва боз намеравад. Яке барояш Бэйл лозим нест, вале боз лозим мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив