LIVE

Аз хайру хуш бо “Рома” ман маргро афзал медонам

Собиқ ҳамлагар ва сарвони “Рома”, ки тайи ду соли охир ба ҳайси директори тим фаъолият мекард, бошгоҳи шаҳри Римро тарк мекунад. Дар ин бора Франческо Тотти рӯзи 17-уми июн зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Сабаби аз симмати худ канор рафтани ӯро ҳолдонҳо ба низоъ бо роҳбарияти тим рабт медиҳанд.
Ба саволи он, ки чӣ чиз Шуморо метавлнад ба даста баргардонад, Тотти чунин посух дод:
-Роҳбарияти дигар. Бояд боварӣ ҳосил кард, ки онҳо ба иқтидори ман бовар доранд ва ман ҳам дар навбати худ ягон кори некеро анҷом дода метавонам. “Рома” барои ман доимо дар ҷойи аввал аст. Аз хайру хуш бо “Рома”, ман маргро афзал медонам. Вале имрӯз рафтани ман ба манфиати ҳама аст. 
Қаблан ВАО иттилоъ медоданд, ки Франческо аз мавқеи худ дар даста норозӣ аст, зеро ӯ дар қабули қарорҳои муҳим иштирок намекунад.
Тотти дастпарвари Рома буда, дар ҳайати ҷавонони “Рома” соли 1989 фаъолияташро оғоз карда пас аз се сол ба ҳайати асосӣ ворид шуд. Дар ҳайати “Рома” ин футболбоз тамоми фаъолияти касбии худро пушти сар кардааст. Бо ин тим ӯ қаҳрамони Серияи А, ду дафъа ғолиби Ҷом ва Суперҷоми кишвараш шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив