Нимҳимоятгари бошгоҳи “Реал Мадрид” - Марко Асенсио дар бозии дӯстона бар муқобили “Арсенал” (2:2, пен 3:2) ҷароҳат бардошта, бо ёрии табибон майдонро тарк намуд. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Marca Марко Асенсио аз зонуяш ҷароҳати вазнин бардоштааст, ки ин захм ӯро на кам аз 9, 10 ва 11 моҳ аз футбол дур мекунад. Ҳамин тавр футболбози 23 солаи испанӣ мавсими 2019/20-ро дар бистарӣ мегузаронад. Дар мавсими гузашта, Марко дар 44 бозии “гаразмониҳо” ширкат намуда, ба задани 6 тӯб даст ёфтааст.