LIVE

Неймар ҷароҳат бардошт

Ҳамлавари соҳибному шинохтаи бошгоҳи “ПСЖ” ва яккачини Бразилия – Неймари дастон дар бозии дӯстона бар муқобили тими миллии Қатар дар дақиқаи 21-ум ҷароҳат бардошта, бо ашки шаш қатор майдонро тарк намуд. Дар курсии эҳтиётӣ ҳамлавар ашкашро боздошта натавонист ва бо кӯмаки табибон озими утоқи либосивазкунӣ шуд. Гарчанде, ки дар ин бозӣ мунтахаби Бразилия ситораи асосиашро аз даст дода бошад ҳам, рақибро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Табиби мунтахаби Бразилия хабар медиҳад, ки ҷароҳати бардоштаи Неймар хеле ҷиддӣ аст. Ин осеб Неймарро муддати якчанд моҳ аз бозии дӯстдоштааш дур мекунад. Ҳамин тавр вориси Пеле тими Бразилияро дар Ҷоми Амрико-2019, ки 15-уми июн то 7-уми июл баргузор мешавад, ёрӣ дода наметавонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив