LIVE

 Талоши чор бошгоҳ барои ба даст овардани Серхио Рамос

Рӯзҳои охир дар интернет овозае паҳн шудааст, ки гӯё сарвони бошгоҳи “Реал” – Серхио Рамос ба наздикӣ тарки дастааш мекунад. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии AS аз ин фурсат истифода бурда, дастаҳои “Манчестер Юнайтед”, “Ливерпул”, “Ювентус” ва “Интер” мехоҳанд, ки Рамосро харидорӣ намоянд. Инчунин барои харидории сарвони “гаразмониҳо” аз ҷониби соҳибмулкони чиноӣ маблағи ҳангуфт пешниҳод шудааст. То ҳол Рамос қарори қатъии худро оиди тарк намудани “Реал” расман набаровардааст. Дар мавсими ҷорӣ Серхио дар 42 бозии “Реал” ширкат намуда, ба задани 11 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст. Қарордоди ҳамкории Рамос бо “Реал” то соли 2021 амал мекунад. Арзиши Серхио дар бозори ҷаҳонӣ 30 млн евро арзёбӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив