LIVE

Расман: "Реал Мадрид" футболбози нав харид

Ҳамлавари бошгоҳи «Айнтрахт» - Лука Йович расман футболбози нави бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” гардид. Якчанд лаҳза пеш сомонаи расмии “гаразмониҳо” аз гузариши ин ҳамлавари ҷавони 21 солаи сербиягӣ хабар дод. Маблағи гузариши футболбоз дар сарчашма дарҷ нагардидааст, аммо тибқи хабарҳо арзиши Лука 65-70 млн евроро ташкил медиҳад. Дар мавсими анҷомёфта Лука Йович дар 36 бозӣ ба майдон омада, ба задани 27 гол даст ёфтааст. 
    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив