LIVE

Расман: Эден Азар футболбози нави “Реал Мадрид” шуд

Дирӯз, дар дили шаб сомонаи расмии бошгоҳи шоҳонаи “Реал” аз гузарини нимҳимоятгари белгиягии “Челси” – Эден Азар ба даста иттилоъ дод. Ин гузариш, ки дар як соли охир сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, ниҳоятан ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Қарордод байни бошгоҳ ва футболбоз муддати панҷ сол ба имзо расонида шудааст. Тибқи хабаргузории ВАО Азар бо арзиши 100 млн евро ба ҳайати “гаразмониҳо” пайваст шуд. Эден дар “Реал” ин Криштиану Роналдуро иваз мекунад ва бо рақами ӯ яъне рақами 7 ба майдон мебарояд. Дар мавсими гузашта, Азар дар 37 бозӣ ба майдон ворид шуда, ба задани 16 гол ва 15 паси головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив