LIVE

Санаи гузариши Азар ба “Реал” муайян шуд

[spoiler]

Бино ба иттилои сомонаи “L’Equipe”, бошгоҳи “Реал Мадрид” гузариши Эден Азарро пас аз финали Лигаи Аврупо, ки рӯзи 29-уми май миёни дастаҳои “Челси” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи “Bakı Olimpiya Stadion”-и Озарбойҷон баргузор мегардад, расман эълон хоҳад кард. Бояд қайд кард, ки тими “Реал Мадрид” барои гузариши футболбози 29 солаи белгиягӣ, 100 миллион евро пардохт мекунад. Дар мавсими ҷорӣ Азар дар 51 бозӣ ширкат намуда, ба задани 19 гол ва 16 партофти головар даст ёфтааст.

Эден Азар аз соли 2007 то соли 2012 дар дастаи “Лилл”-и Фаронса дар 192 дидор бозӣ карда, 50 тӯбро вуруди дарвозаи ҳариф кардааст. Баъди ин, аз соли 2012 то инҷониб, дар дастаи “Челси”-и Англия дар 543 дидор бозӣ намуда, ба дастаи ҳариф 158 гол задааст. Инчунин, Эден Азар дар тими мунтахаби Белгия аз соли 2008 қабул шуда, то ҳол дар 94 дидор бозӣ намуда, 27 тӯбро вориди дарвозаи рақиб намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив