LIVE

Маблағи ҳангуфт Азарро ба “Реал” мебарад

Дастаи «Реал» барои хариди пештози дастаи «Челси» Эден Азар бо маблағи 115 миллион фунт ба мувофиқа расид. Нашрияи The Sun, ки рӯзи гузашта аввалин иттилоъро дар мавриди ивазшавии роҳбарияти “Нюкасл” нашр карда буд, субҳи имрӯз як хабари навро барои хонандагонаш интишор кард. Тибқи хабарҳо гуфтушуниди тӯлонии намояндагони “Реал” ва “Челси” билохира ба нафъи кор анҷом ёфт. Новобаста аз он, ки шартномаи футболбози 28 солаи белгягӣ ҳоло 12 моҳи дигар амал хоҳад кард, ҷониби дастаи “Челси” аз ин фурсат истифода бурда маблағи ҷуброни боқимондаро ҳам ба шартномаи хариду фуруш илова намуд. Интизор меравад, намояндагони Лондон аллакай 100 млн фунтро дастрас намуда, 15 миллиони дигарро ба таври бонус ба даст хоҳанд меоранд. Гуфта мешавад, ки худи Азар бояд зери шартномаи 4 сола бо маблағи 400 ҳазор футн маош дар як ҳафта имзо гузорад. Ҳамин тариқ молики “Челси” Роман Абрамовичи рус ниҳоят барои фуруши беҳтарин бозингараш пешдасти кард, вагарна баъди як сол Азар метавонист ба таври иҷора “Стэмфорд Бриҷ”-ро тарк намояд. Ҳоло бозии ниҳоии Лигаи Аврупо бо “Арсенал” охирин ҳунарнамоии Эден Азар бо пироҳанҳои “Челси” хоҳад буд. Мавсуф дар ин мавсим 19 гол ва 16 партофти головар дар 51 бозии дастааш нишон додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив