LIVE

Финали Лигаи Аврупо дар ТВ «Футбол»

Ниҳоят он рӯз ҳам фаро расид! Он рӯзе, ки мову шумо дер боз интизораш будем. Ин мавсим дар рақобатҳои Лигаи Аврупо ва Лигаи Чемпионҳо мо шоҳиди ҳангомаҳои зиёде шудем, ки ҳатто 10 солаҳои охир чунин нишондодро ёд надорем. Хулоса ин мавсим ҳам ҷоизаи Лигаи Аврупо ва ҳам ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо танҳо ба Ватани футбол меравад. Аввалин бор дар таърих ду дастаи як шаҳр дар финали Лигаи Аврупо рӯёрӯи ҳам меоянд. Варзишгоҳи 70 ҳазораи “Олимпийский”-и шаҳри Бокуи Озарбойҷон ин бозиро мизбонӣ мекунад. Бошгоҳҳо ин мавсим дар Премйер-лигаи Англия ду маротиба байни ҳамдигар бозӣ намуда, ҳарду як маротибаӣ пирӯз шудаанд. Ин вохӯрӣ барои ҳарду даста чун обу ҳаво зарур аст. Инчунин барои баъзеҳо дар ҳайати “Челси” ва “Арсенал” ин охирин бозӣ бо пироҳанҳои дастаашон ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳо Маурисио Сарри ва Эден Азар бозии ниҳоии худро дар “Челси” баргузор мекунанд. Сарри аз мақомаш барканор мешаваду Азар бошад, роҳ пеш мегирад сӯи Испания. Дар ин бозӣ бар асари муносибатҳои сарди Арманистон ва Озарбойҷон ситораи асосии “Арсенал” футболбози арманӣ – Генрих Мхитарян ба шаҳри Боку сафар намекунад. Роҳбарияти “тӯфангдорон” ба хулосае омадааст, ки барои бехатарии  Генрих ӯро ба даста ҳамроҳ накунад. Коршиносон низ дар ин бозӣ пирӯзии ҳарду тимро баробар, яъне 50-50 арзёбӣ мекунанд. Ин пешгӯиҳо ҳама бефоида мебошанд ва мо танҳо ғолибро баъди 90 дақиқа ё 120 дақиқа хоҳем фаҳмид. Хулоса кулли мухлисони футболро ба тамошои яке аз бозиҳои беҳтарини сол байни “ашрофзодаҳо” ва “тӯфангдорон” даъват менамоем. Мухлисон метавонанд, ки бозии мазкурро тавассути шабакаи “Футбол” мустақиман тамошо намоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив