LIVE

Ситораи «Аякс» ҷойгузини Гризманн дар «Атлетико»

Сармураббии бошгоҳи “Атлетико Мадрид” – Диего Симеоне аз роҳбарияти даста хоҳиш намудааст, ки тобистони ҳамин сол ситораи бразилии бошгоҳи “Аякс” - Давид Нересро харидорӣ намояд. Тибқи маълумоти нашрияи испании AS Давид Нерес ҳамчун ҷоёгузини Антуан Гризманн ба даста даъват карда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам ин мавсим бошгоҳи “Аякс” бо ғунчаҳои пур аз ҳунари ҷавонаш футболи Аврупоро ба ларза даровард. Айни ҳол топ дастаҳои Аврупо хостгори ситораҳои ин даста шудаанд. Ҳайати роҳбарияти бошгоҳи испанӣ медонанд, ки “Аякс” барои ин ситорааш маблағи ҳангуфт талаб мекунад. Аммо дар сарчашма маблағи гузариши Нерес дарҷ нагардидааст. Худи Давид низ розӣ аст, ки ба “Атлетико” гузариш намояд. Дар мавсими 2018/19 Нерес дар 50 бозии “Аякс” иштирок намуда, ба задани 12 гол ва 15 паси головар даст ёфтааст. Маҳз ҳамин иштироки фаъолаш буд, ки ӯро сармураббии тими миллии Бразилия – Тите бори аввалин бор ба ҳайат ба бозиҳои Ҷоми Амрико-2019 даъват намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив