LIVE

Охирин бозии Азар дар "Челси"

Ҳамлагари бошгоҳи лондонии “Челси” Эден Азар иқрор омад, ки ғолибият дар лигаи Аврупо,  охирин бозӣ барои Ӯ буд.
Эден Азар баъд аз ғолибият дар лигаи Аврупо, ки дастаи “Челси”  тими “Арсенал”-ро боҳисоби 4:1 мағлуб кард ба рӯзноманигорони  шабакаи  BT Sport гуфт, ки “фикр мекунам ин охирин бозии ман дар ҳайати “Челси” буд. Ман ҳамеша орзӯи дар ПЛА бозӣ карданро доштам ва ҳафт сол дар яке аз беҳтарин бошгоҳҳои ин премера  бозӣ кардам. Акнуну вақти он расид, ки ба ҷои дигар биравам ”-гуфтааст Эдан Азар. Ёдовар мешавем, ки Эден Азар дар финали лигаи Аврупо ду гол ва як партофти головар анҷом дод ва ин шашумин ҷоизаи футболбози белгиягӣ дар ҳайати дастаи “Челси” буд. Дар гумон аст, ки белгиягӣ ин мавсим ба ҳайати гаразмониҳо бипайвандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив