Собиқ сармураббии “Арсенал”- Арсен Венгер назари хешро дар бораи эътимоляти ба мақоми сармураббии даста таъин шудани Микел Артета чунин баён доштааст.
“Ман мухлиси ашадии “Арсенал” мебошам. Феълан сармураббии кунунии даста - Фреддик Юнгбергро ҷонибдорӣ мекунам. Вақте, ки ба ин курси Артета менишинад, ӯро низ дастгирӣ хоҳам кард. “Арсенал” ҳоло давраи мушкилро сипарӣ мекунад. Ба ҳамин хотир намехоҳам ин ҳолатро шарҳ диҳам”. Ман чун ҳазорон мухлиси даста рӯҳафтодаам.
"Артета дорои ақл ва иштиёқ аст. Ӯ ояндаи дурахшон дорад, вале таҷрибаи ғании кор дар чунин дастаро надорад. Муҳим роҳбарияти клуб бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва арзиши бошгоҳҳоро нигоҳ дорад", — баён доштааст Венгер.