LIVE

"Лестер": Роҷерсро мехоҳӣ? 16 миллион

"Арсенал" зиёд мехоҳад Брендан Роҷерсро ба варзишгоҳи «Эмирейтс» биорад. Аммо "Лестер" бошад, барои он, ки бо ин сармураббиаш пеш аз муҳлат қарордоди ҳамкориашро лавғ намояд, 16, 5 миллион малағ талаб намудааст. Баъд аз оне, ки “рубоҳон”- ро Роҷерс ба зинаи дуюми ҷадвал баровард, натанҳо "Арсенал", балки як қатор дастаҳои Премйер - лигаи Англия талабгори ин мутахассиси ирландӣ гаштаанд. "Арсенал" бо Унаи Эмери ҳафтаи гузашта хайрухуш кард ва  дар ҷустуҷуи мураббии нав аст.  Ҳамчунин роҳбарияти "Арсенал" ба ёрдамчии Пеп Гвардиола, Микел Артета низ мароқ зоҳир кардааст.  Артета як вақтҳо бозигари "Арсенал" буд.    Ҳамчунин дар мақоми сармураббии "Арсенал" исми якчанд мураббиёни дигар аз ҷумла    менеҷери  "Вулверхэмптон" Нуну Санту, Эдди Хау аз "Борнмут",   Марселино ва ҳатто Карло Анчелоти сомонаӣ мешавад. Аммо ҷониби "Арсенал" дар мавриди интихоби сармураббии нав  чизе нагуфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив