LIVE

Роҷерс: "Лестер" аз "Арсенал" беҳтар аст

Сармураббии тими «Лестер Сити»  Брендан Роҷерс овозае, ки гуё "Лестер"-ро ба "Арсенал" иваз мекунад, чунин  шарҳ дод: “Ман аз ҳар як дақиқаи дар "Лестер" буданам ҳаловат мебарам ва айни замон фаъолияти худро танҳо  бо ин даста дидан мехоҳам.  Ин лоиҳа аз "Арсенал" дида ба ман писанд аст ва мехоҳам корро дар «Кинг Пауэр» идома диҳам. Дастаи ман ба мисли "Арсенал" таърихи бой надорад, аммо  дар инҷо хушбахтам.  Дар мавриди ҷуброни шарномаи ман бо "Лестер", ин аз ҳолати кор низ вобастааст. Чунин банди шарнома дар  тамоми қарордодҳои мураббиён мавҷуд аст”, иқрор шудааст Брендан Роҷерс. Ёдовар мешавем, ки "Лестер" арзиши Роҷерсро барои "Арсенал" 16,5 миллион муқаррар намудааст. "Лестер Сити" феълан дар мақоми дуюми ҷадвали Премйер - лигаи Англия қарор дорад. Шогирдони мутахассиси ирландӣ, мавсими имсола дар 14 бозӣ 32 имтиёз ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив