LIVE

Пеп: агар «Реал»-ро шикаст надиҳем, маро ба истеъфо равон мекунанд

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола назари хешро дар мавриди бозии даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили «Реал» чунин баён намуд: 
«Ман мехоҳам Лигаи Чемпионҳоро ба даст биёрам.  Он рӯзро орзу мекунам ва барои дидор бо «Реал» омодагӣ мебинам. Агар мо ғалаба накунем директори варзишии клуб гуфта метавонад, ки ин бад аст. Мо Лигаи Чемпионҳоро мехоҳем ва туро аз кор озод мекунам», — иқрор шудааст Гвардиола ба сомонаи  Sky Sports.
Бозии аввали даври 1/8 ниҳоии «Реал» ва «Манчестер Сити» рӯзи 26-уми феврал баргузор мешавад. Баргузории дидори ҷавобӣ бошад, 17 март дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив