LIVE

Зидан беҳтарин мураббӣ дар таърихи Лигаи Чемпионҳо

Сармураббии дастаи “Реал”-и Мадрид - Зайниддин Зидан дар рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо, ки онро сомонаи футболи squawka.com нашр кардааст, дар мақоми аввал қарор дорад.
Зидан ягона мураббиест, ки пайиҳам дар се мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо (солҳои 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. Ҳамагӣ Зидан дар доираи Лигаи қаҳрамонҳо дар 26 бозӣ пирӯз гаштааст.
Мақоми дувумро дар ин феҳрист сармураббии феълии дастаи «Манчестер Сити»-и Англия - Ҳосеп Гвардиола касб намудааст. Ба ӯ муяссар шудааст, ки ду бор (солҳои 2009 ва 2011) бошгоҳи «Барселона»-и Испанияро дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб намояд.
Ба сегонаи беҳтарин мураббиёни Лигаи қаҳрамонҳо, инчунин сармураббии феълии дастаи «Эвертон»-и Англия - Карло Анчелотти дохил аст. Ӯ бо ду бошгоҳ - «Милан»-и Италия (солҳои 2003 ва 2007) ва «Реал» (соли 2014) дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб шудааст.
Рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо:
1. Зайниддин Задан («Реал»)
2. Ҳосеп Гвардиола («Барселона», «Бавария», «Манчестер Сити»)
3. Карло Анчелотти («Парма», «Ювентус», «Милан», «Челси», «ПСЖ», «Реал», «Бавария», «Наполи» ва «Эвертон»)
4. Жозе Моуриню («Порту», «Челси», «Интер», «Реал», «Манчестер Юнайтед», «Тоттенҳэм»)
5. Луи ван Гал («Аякс», «Барселона», «Бавария», «Манчестер Юнайтед»)
6. Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»)
7. Юпп Ҳайнкес («Реал», «Бавария»)
8. Висенте дел Боске («Реал»)
9. Рафаэл Бенитес («Ливерпул», «Интер», «Челси», «Наполи», «Реал»)
10. Оттмар Ҳитсфелд («Боруссия» Д, «Бавария»).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив