Ҳамлавари дастаи "Барселона" Лионел Месси беҳтарин нишонзани Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими 2018/19 гардид. Бозигари 31-солаи аргентинӣ дар мавсими имсолаи Лигаи қаҳрамонҳо 12 голро дар 10 бозӣ ба самар расонда, аз бозингари дастаи "Бавария" Роберт Левандовски (8 гол дар 8 бозӣ) пеш аст. Месси дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравии Аврупо, ки дар тамоми ҷаҳон низ сермухлис аст, силсилаи нишонзани беҳтаринро аз ҳамлавари португалӣ Криштиану Роналду рабуд. Роналду дар шаш мавсими гузашта бо бозӣ дар ҳайати "Реал Мадрид" пайдарҳам унвони беҳтарин нишонзани Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро соҳиб гашта буд. Қабл аз ӯ, охирин дафъа дар мавсими 2014/15 унвони мазкурро Месси бо Неймар бо задани 10 голӣ бо ҳам якҷо соҳиб гашта буданд. Месси аввалин маротиба ин унвонро мавсими 2011/12 соҳиб гашта буд, ки дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин баъди он мавсим яккатоз буд. Он мавсим ӯ ба задани 14 гол даст ёфта буд, ки баъдан боз чаҳор маротибаи дигар ин унвонро соҳибӣ карда буд. Дар маҷмӯъ, ин унвонро аз ҳама бештар Роналду ба даст оварда аст, ки ҳафт маротиба ба гирифтанаш мушарраф гаштааст. Баъди ӯ Месси меистад, ки бори шашум онро ба даст овард.