LIVE

"Чангкашак"-и қавии Зидан дар ҷомрабоиҳо бо “Реал”

“Реал”-и Мадрид таҳти роҳбарии Зинедин Зидан пас аз пирӯзӣ бар “Атлетико”-и Мадрид дар бозии финалӣ (0:0, пен. 4:1) соҳибунвони Суперҷоми Испания гардид.
Ҳамин тариқ ин мутахассиси фаронсавӣ ҳангоми дар маснади сармураббигии тими “шоҳона”  буданаш дар нӯҳумин  финалаш аз нӯҳ рақобат  пирӯзӣ ба даст овард.  Ғайр аз ин Зидан нахустин ҷоизаи хешро пас аз бозгашт ба “Реал” соли 2009 молик шуда буд.
Ёдовар мешавем,ки бори нахуст Зидан “Реал”-ро соли 2016 роҳбарӣ намуд. Таҳти роҳбарии ин мураббии арабитабор бошгоҳи мадридӣ соҳибҷоизаи Лигаи Қаҳрамонҳо дар мавсими солҳои 2015/2016, 2016/2017 ва 2017/2018 гардида буд. Ҳамчунин “Реал” дар солҳои 2016 ва 2017 Суперҷоми УЕФА, мусобиқоти бошгоҳии ҷаҳон дар соли 2017 ва Суперҷоми Испания дар соли 2017-ро вориди хазинаи ҷоизаҳои “Лос-бланкос” кардааст. Дар моҳи майи соли 2018 бошад ин мутахассиси фаронсавӣ эълони тарки даста намуд,вале нӯҳ  моҳ пас боз ба вазифаи корияш бозпас нишаст.
Хуллас бо қаҳрамонии навбатӣ дар нӯҳумин финалаш аз суханони худи Зинедин Зидан метавон гуфт,ки ин фаронсавии арабитабор ҳамчун  мураббӣ рушд намудаву дар олами варзиш ба як шахсияти муътабаре табдил ёфтааст,ки ҷоизаҳоро ба мисли чангкашак сӯи худ мекашад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив