LIVE

Дарвозабони “Реал” тарки Испания мекунад

Дарвозабони «Реал» Люка Зидан, ки феълан ба ҳайси иҷора дар тими «Расинг» бозӣ мекунад, гуфтааст, ки корномаи варзишии хешро дар  Фаронса идома доданист. 
— Ман Испанияро дӯст медорам, вале эҳсоси фаронсавӣ дорам. Ҳарчанд аз се солагӣ дар Испания умр ба сар мебарам, аммо хулку хислати фаронсавӣ дар хуни ман ҷуш мезанад. Ман ҳамеша давраи таътили хешро дар ватанам мегузаронам. Як чанд пешниҳодҳо доштам ва дар соли оянда мехоҳам, ки фаъолияти варзишиамро дар Фаронса идома диҳам, гуфтааст писари 21 солаи Зидан. 
Қарордоди Люка Зидан  бо «Реал» соли 2020  ба анҷом мерасад. Аз 1-уми январ ӯ имкон дорад, ки гуфтушунидро бо дастаҳои дигар оғоз намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив