LIVE

Месси соҳиби ҷоизаи "Кафши тиллоӣ" шуд

Имрӯз, 16-уми октябр дар як маросими расмӣ, ки дар Барселона баргузор шуд, ҳамлавари аргентинии бошгоҳи “Барселона” – Лео Месси, ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-и шашуми хешро соҳиб шуд. Ҳамин тавр Мессии нобиға маротибаи шашум ин ҷоизаро ба хазинаи дастовардҳояш шомил намуд, ки чунин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа унвон мешавад. Қаблан Лео дар мавсимҳои 2009/2010, 2011/2012, 2012/2013, 2016/2017 ва 2017/2018 ин ҷоизаи пурарзишро соҳиб гардида буд. Мессии 32 сола мавсими 2018/19-ро бо задани 36 гол ба анҷом расонида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив