LIVE

Лидери «Челси» мехоҳад дастаро тарк кунад

Нимҳимоятгари «Челси» Н’Голо Канте мехоҳад дар охири мавсим дастаи лондониро тарк кунад.

Ба итилои ВАО, «Барселона» мехоҳад ба футболбози фаронсавӣ шартнома пешниҳод намояд, аммо худи бозингар бартариро ба «Реал»-и Мадрид медиҳад. Ҳамчунин омода аст, ки пешниҳодҳои «Ювентус» ва «Бавария»-ро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, Зидан аз роҳбарияти бошгоҳи «шоҳона» оиди имконияти харидории ин футболбоз суол кардааст, аммо президенти даста Флорентино Перес бинобар арзиши гарони бозингар (100 млн. Евро), ҷавоби рад додааст.

  • Н’Голо Канте соли 2016 пас аз қаҳрамонӣ бо «Лестер» дар Премйер-лига, ба «Челси» гузариш намудааст.  
  • Дар ҳайати дастаи лондонӣ соли 2017 қаҳрамони Англия ва дар мавсими 2018/19 ғолиби Лигаи Аврупо гардидааст.  
  • Дар мавсими ҷорӣ Канте дар 13 бозӣ 3 голро ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив