LIVE

«Эвертон» сармурабби нави худро эълон кард

Карло Анчелотти сармураббии ҷадиди тими футболи «Эвертон» гардид.  Қарордоди ҳамкорӣ бо ин мутахассиси итолёвӣ ба муҳлати 4,5 сол баста шудааст. 
“Ин беҳтарин клуб ва дорои таърихи  рангину мухлисони афсонавист. Саҳмдорон ва садорати он хуб медонанд, ки читавр ба дастовардҳо ноил гашту соҳиби ҷоиза шуд. Ин он маконест, ки ҳамчун сармураббӣ ба ман писанд асту хушҳолам аз он, ки имкони кор дар инҷоро пайдо кардам. Дуст медорам, ватқе  ки орзуҳои дастаҳоро ба ҳақиқат табдил медиҳам”, гуфтааст Анчелотти.
Анчелотти баъд аз як ҳафтаи истеъфоаш аз «Наполи» сармураббии «Эвертон» интихоб гардид. Мутахассиси итолёвӣ қаблан дар Англия аз соли – 2009 то 2011 бо тими  «Челси» кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив